LIVE

"Барса" то 8 бозигарашро нафурӯшад, футболбози нав намехарад

Эҳтимол аст, ки дар ҳайати бошгоҳи маъруфи "Барселона" тобистон тағйироти куллӣ ба миён омада, каталониҳо мақсад доранд, ки дастаро пурқувват кунанд. Дар ин бора Sport.es хабар додааст.  
Мувофиқи сарчашма даста тайёр аст, ки якбора аз 8 футболбоз ҷудо шавад. Номзади асосӣ - Иван Ракитич ва Артуро Видал маҳсуб мешаванд, ки бо даста то соли 2021 шартнома доранд. Инчунин бошгоҳи "Барселона" мехоҳад, ки ҳамлавари дастаи "Интер" - Лаутаро Мартинесро ба ҳайати даста ҳамроҳ намояд. Бозингарони дигаре, ки дастаи "Барселона" мехоҳад аз онҳо ҷудо шаванд, инҳо мебошанд: дарвозабон - Нето, дифоъгарон - Самуэл Юмтити ва Эктор Фирпо, хавбек - Флиппе Коутинию ва ҳамлавар - Мартин Брайтвайт, ки моҳи гузашта ба ҳайати даста ҳамроҳ шуда буд. Тибқи иттилоъ мумкин аст,  ки Коутиниюро нафурӯшад ва дар даста нигоҳ дорад. Ёдовар мешавеи, ки бошгоҳи "Барселона" ҳадафи асосиаш дар трансфери тобистона ба фурӯш гузоштани Антуан Гризманн маҳсуб меёбад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив