LIVE

Гардишҳои бузурги трансферӣ дар "Барселона"

Чӣ гунае,ки Спорт.ЕС менависад, Барселона тобистони ҷорӣ омода аст,ки гардишҳои бузурги трансферӣ анҷом диҳад. Даста мехоҳад,ки яку якбора ду ҳимоягари марказиро харидорӣ намояд. Ҳамчунин ба даста ду ҳамлавари нав меоянд. Чӣ тавре сарчашма хабар медиҳад,харидории Мартин Брейтвейт ба ин чиз ягон дахолате надорад ва инҷо ягон чизи ҷолиб ҳам нест. Ҳамчунин тибқи гуфтугузорҳо бозгашти Неймар ба даста ҳам дар назар аст. Бо чунин таъғиротҳои ҷиддӣ метавон гуфт,ки Барса мехоҳад дастаи рақобатпазиреро бисозад,ки дар он Месси бозӣ кардан бихоҳад. Ёдовар мешавем,ки ҳамдастаи Месси Суарес чанде пеш гуфта буд: Лео дар дастае хоҳад монд,ки дар он ғолибомада тавонад. Дар яке аз суҳбатҳои ӯ мо дар ин бора пурратар гуфта будем ва агар дар ин мавзуъ худи Суарес гуфта бошад, вазъият дар дохили даста воқеан ҳам мураккаб гаштааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив