LIVE

Куман мавсими оянда дар “Барселона” мемонад ё не?

Сармураббии “Барселона” - Роналд Куман дар мавсими оянда низ  корашро дар клуби каталонӣ идома медиҳад, менависад Marca.
Бино ба иттилои манбаъ, Куман бо президенти нави “Барселона” - Жоан Лапорта мулоқоти ғайрирасмӣ баргузор карданд. Лапорта аз мутахассиси ҳолландӣ пуштибонӣ кард ва гуфт, ки мехоҳад минбаъд низ Куманро ҳамчун сармураббии “Барселона” бубинад. 
Куман моҳи августи соли 2020 ба “Барселона” омад. Қаблан мутахассис дар чунин клубҳо, ба мисли “Витессе”, “Аякс”, “Бенфика”, “ПСВ”, “Валенсия”, “АЗ Алкмаар”, “Фейеноорд”, “Саутгемптон”, “Эвертон” кор кардааст. Инчунин қабл аз клуби каталонӣ сармураббии мунтахаби Ҳолланд буд. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив