LIVE

Норозигии Лапорта аз қарори Куман

Сармураббии “Барселона” - Роналд Куман ба гузариши ҳамлагари “Манчестер Сити” - Серхио Агуэро ба даста зид аст. Ин мутахассиси 57-сола мехоҳад ҳамлагари “Лион” - Мемфис Депайро дар ҳайати “нилунориҳо” бубинад. Мураббӣ боварӣ дорад, ки саҳми Депай дар муваффақиятҳои ояндаи даста назар ба аргентинӣ назаррас хоҳад буд. Куман бо футболбоз робитаи хуб дорад. Қайд карда мешавад, ки худи Депай омодааст, ки дар “Барселона” музди маоши кам бигирад. Аммо президенти нави “Барса” Жоан Лапорта бошад, бо қарори Куман норозӣ буда, ӯ мехоҳад, ки Серхио Агуэроро дар даста бубинад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив