LIVE

Месси омадани Мемфис Депайро намехоҳад

Ҳамлагари "Барселона" Лионел Месси ба гузариши ҳамлагари "Лион" - Мемфис Депай зид аст. Хабар медиҳад beIN Sports. 
Футболбози аргентинӣ мехоҳад Усмон Дембеле, ки "Барселона" ӯро ба "Манчестер Юнайтед" фурӯхтанист, дар ҳайати даста бимонад. Қайд карда шуд, ки ҷалби Депай ба "Барселона" дар сурати тарк кардани Дембеле имконпазир мешавад.
Пештар хабар дода шуда буд, ки Депай ҳадафи асосии трансферии сармураббии "Барселона" Роналд Куман мебошад. Ҷонибҳо дар самти шартҳои шартнома бо Депай чанд ҳафта пеш ба мувофиқа расида буд. Вале "Барселона" аз сабаби сарбории зиёд дар ҳайати асосӣ наметавонад бо ҳамлагари ҳоландӣ қарордод бандад, ба ҳамин хотир дар сурати рафтани Усмон онҳо  Мемфис Депайро ба "Барселона" оварда метавонанд. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив