LIVE

Рӯзи омадани Мемфис Депай ба "Барса" маълум шуд

"Барселона" барои расман бозигари худ намудани  ҳамлагари 26-солаи мунтахаби Голландия Мемфис Депай наздик аст. Тибқи иттилои манбаъ, Депай бешубҳа шарики нави Лионел Мессӣ дар “Барселона” хоҳад шуд. Трансфери Депай маҳз бо кӯмаки Роналд Куман амалӣ мешавад. Роҳбарияти “Барселона” интизор доранд, ки охири ин ҳафта созишномаро расман тасдиқ мекунанд ва Депайро ба “Камп Ноу” меоранд. Дар мавсими гузашта футболбози 26-сола дар тамоми мусобиқаҳо дар ҳайати “Лион” 22 бозӣ гузаронида, 15 гол ва 2 партофти головар анҷом додааст. Дар мавсими солҳои 2020/2021, ҳамлагар дар “Лион” аллакай як бозӣ гузаронида, хет-трик кардааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив