LIVE

Овозаҳо ба ҳақиқат табдил меёбанд

Ҳамлагари клуби “Лион” ва тими миллии ҳолланд - Мемфис Депай ба зудӣ бо “Барселона” шартнома ба имзо мерасонад. Баъд аз чанд рӯз даста дар бораи ҷалби футболбози 26-сола ба ҳайати худ, расман иттилоъ хоҳад дод. Бо хариди ӯ роҳбарияти даста хоҳиши сармураббии ҷадиди худ Роналд Киманро иҷро менамоянд.  Ҳамлагар аз соли 2017 дар тими “Лион” бозӣ мекунад. Қарордоди ӯ бо тими фаронсавӣ охири мавсими солҳои  2020/2021 ба охир мерасад. Портали интернетии Transfermarkt арзиши футболбозро феълан 44 миллион евро тахмин кардааст. Ба ҷуз  аз “Барселона”,  “Милан” низ Депайро бозигари худ карданист. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив