LIVE

“Барселона” фардо ду бозигари навашро муаррифӣ мекунад

“Барселона” барои ба даст овардани ҳамлагари “Лион” Мемфис Депай ва ҳимоятгари “Манчестер Сити” - Эрик Гарсия наздик аст. Ҳарду футболбоз имрӯз барои гузаштан ба клуби каталонӣ аз ташхиси тиббӣ гузаштанд. Бино ба иттилои манбаъ, “Барса” барои Гарсия, ки дастпавари худаш аст,  15 миллион евро бо иловаи мукофотпулиҳо пардохт мекунад ва бо ӯ 5 сол шартнома имзо мекунад. Гузариши Депай тавре интизор мерафт, накамтар аз 25 миллион евраро ташкил медиҳад. Гарсия хатмкардаи академияи “Барселона” аст. Мемфис Депай зери роҳбарии Роналд Куман дар тими миллии Голландия низ ҳунарнамоӣ кардааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив