LIVE

“Манчестер Сити” се бозигарашро қурбони Месси мекунад

“Манчестер Сити” ба “Барселона” барои Месси 100 миллион евро, Силва ва боз ду бозигари дигарашро пешниҳод мекунад.
Бошгоҳи англисӣ барои бозигари аргентинӣ 100 миллион евро пешниҳод карданист. Дар ин муомилот инчунин се бозигари "Сити" низ шомил карда шудааст, ки инҳо  Габриэл Жезус, Бернардо Силва ва Эрик Гарсия мебошанд.
Хабар дода шуд, ки роҳбарияти клуби англисӣ омода аст барои гузариши Месси тақрибан 200 миллион евро ҷудо кунад. Аммо тими каталонӣ барои Месси маблағи пурраи ҷубронро бо арзиши 700 миллион евро талаб кардааст. Тибқи хабарҳои дигар “Барсалона” дар ин гузариш на камтар аз 223 миллион евро маблағ фойда ба даст овардан мехоҳад. 
Месси бовар дорад, ки бо кӯмаки ҳуқуқшиносон шартномаи худро  бекор карда, аз “Барселона” ройгон меравад. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив