LIVE

«Барселона» бо сармураббии ояндаи худ маслиҳат кард

Собиқ бозикуни беҳамтои «Барселона» - Хави, ки айни замон дастаи қатарии «Ал-Садд»-ро роҳбарӣ мекунад, пешниҳоди бошгоҳи каталониро қабул намудааст ва дар мавсими ҷадид ба ҳайси сармураббӣ дубора ба каталония бармегардад.   Дар ин бора Mundo Deportivo хабар додааст.
Иттилоъ дода мешавад, ки сармураббии феълии тим - Энрике Сетйен  то охири мавсим кор мекунад ё дар сурати як бозии бебарори дигар аз мақомаш озод карда мешавад. 
Қабл аз он, ки президенти клуб- Хосеп Бартоме бо Хави дар иртибод барояд, андешаҳои футболбозони калидии дастаро роҷеъ ба ин масъала пурсон шудааст.  Барои собиқ футболбози 40 сола нилунориҳо 6 млн € дар як сол маош ваъда кардаанд. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив