LIVE

"Барселона" аз Роналд Куман 6 млн евро қарздор аст

Сармураббии "Барселона" Роналд Куман умед ба маблағи калон дорад, агар то анҷоми муҳлати шартнома ӯро аз мақомаш сабукдӯш созанд. Қарордоди ӯ бо дастаи “Барселона” тобистони соли 2022 ба анҷом мерасад. «Барселона»-ро зарур аст, ки барои пеш аз муҳлат бекор кардани қарордод ба мураббии ҳоландӣ 6 млн € ҷуброн пардохт созад. 
 Ин Ҷуброн дар шартнома ба он хотир дарҷ шудааст, ки Куман маҷбур буд аз ҳисоби маблағҳои шахсии худ ба Ассотсиатсияи футболи Нидерландия барои тарк кардани тими миллии Ҳолланд барои кор дар “Барселона” пардохт кунад. Зеро ин маблағро он вақт "Барселона" надошт ва Куман ба хотири сармураббии дастаи каталонӣ шудан худ пардохт карда буд. 
Баъд аз он, ки каталониҳо дар бозии даври 1-уми Лигаи Чемпионҳо аз “Бавария” бо ҳисоби 0:3 шикаст хӯрданд,  овозаҳо дар бораи эҳтимоли барканории Куман аз мақоми сармураббӣ паҳн шуда буд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив