LIVE

Хави ба Пике маҳдудият монд

Сармураббии нави «Барселона» Хави ба ҳимоятгари «Барселона» Жерар Пике иҷозат надод, ки ба El Hormiguero мусоҳиба кунад. 

Хави пай бурд, ки Пике аксар вақт дар чорабиниҳои гуногуни оммавӣ баромад мекунад, ки бо ҷаҳони футбол каме робита дорад. Мураббӣ мехоҳад, ки таваҷҷуҳи бозигаронро ба чизҳои ғайр аз "Барселона" аз байн барад.

Бозии аввалини «Барселона» таҳти роҳбарии Хави бо «Эспанйол» рӯзи 20 ноябр баргузор мешавад.

Шартномаи мутахассиси 41-сола бо "нилунориҳо" то охири мавсими 2023/2024 эътибор дорад. Ёдовар мешавем, ки Хави дар тӯли фаъолияти бозигарӣ аз соли 1998 то соли 2015 дар ҳайати асосии дастаи “Барселона” бозӣ кардааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив