LIVE

Хави бе вазифа мемонад

Собиқ  футболбози 41-солаи испанӣ Хавиро, ки  сармураббии клуби Қатар Ал-Садд аст, хавфи бекорӣ таҳдид мекунад, менависад Sport.es.  Бо вуҷуди ҳама ғалабаҳо дар мусобиқаҳои дохилӣ Шӯрои “Ал-Садд” ба фаъолияти Хави дар Лигаи қаҳрамонҳои Осиё баҳо дод. Дар он ҷо шогирдони мутахассиси испанӣ натавонистанд ба плей-офф роҳ ёбанд. Ҳамин тариқ, Хави баъди ба итмом расидани созишномаи ҳозира - дар охири ин мавсим дастаро тарк мекунад.
“Ал-Садд” чор давр пеш аз анҷоми чемпионат қаҳрамони Қатар шуд. Пас аз ин, даста ба мағлубият роҳ надод ва аз 22 бозӣ 19 пирӯзӣ ба даст оварда, аз ҳама бештар гол задааст. (таносуби голҳо - 77:14).
Пирӯзӣ дар чемпионати имсола барои Хави чорумин ҷоиза бо “Ал-Садд” ба ҳисоб меравад. Қабл аз ин, ӯ ду маротиба Ҷоми Валиаҳди Қатарро ба даст оварда, ғолиби Ҷоми Шайх Яссим  шудааст.
Хави дастпарвари “Барселона” буда, аз солҳои 1998 то 2015 шарафи каталониҳоро ҳимоя кардааст. Бо “Барселона” ҳашт маротиба қаҳрамони Испания шуда, се маротиба Ҷоми кишварро ба даст овард. Ҳамчунин чор маротиба ғолиби Лигаи Чемпионҳо гардида, соҳиби як қатор ҷоизаҳои дигар шудааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив