LIVE

Куман ҳам нашуд. “Барселона” боз сармураббӣ меҷӯяд

Баъд аз бохти навбатии “Барселона” мехоҳад собиқ футболбози бошгоҳ Хави Эрнандесро, ки сармураббии "Ал-Садд" мебошад, -ро ба Каталония даъват созад. 
Хави дастони зиндаи  “Барселона” аст. Вай аз соли 1998 то 2015 шарафи ин бошгоҳҳро ҳимоя кардааст. Бо ин даста нимҳимоятгари собиқ ҳашт маротиба қаҳрамони Испания шуд, се маротиба Ҷоми кишварро ба даст овард, чаҳор маротиба Лигаи чемпионҳоро моли худ сохтааст.  Қабл аз анҷоми корномаи варзишиаш ӯ ба “Ал-Садд” гузашт, ки бо ӯ қаҳрамони Қатар шуд. Баъдан дар ин даста ӯ сармураббӣ интихоб шуд. 
Куман тобистони соли гузашта “Барселона”-ро ба уҳда гирифт. Дар бозии аввалини даври 1/8 ниҳоии Лигаи Чемпионҳо даста дар майдони худ аз “Пари Сен-Жермен” бо ҳисоби 1-4 шикаст хӯрд. 

Next Post

Комментарии 1

Гиясзода Файзиддин
Гиясзода Файзиддин от 19 февраля 2021 12:52
Сармурабии арзанда барои Барселона ин Хосеп Гвардиола мебошад ..Барселона бо у лигаи кахрамонхоро ба даст оварда метавонад халос



Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив