LIVE

Беҳтарин ниммуҳофизатгар аз нигоҳи Хави

Собиқ футболбози дастаи "Барселона" ва ҳоло сармураббии тими "Ал-Садд"-и Қатар – Хави Эрнандес, ба саволи он ки, ӯ киро беҳтарин нимҳимоятгари ҷаҳон мешуморад?, ҷавоб гуфт: «Ман мебинам, ки Кевин де Брюйне – нимҳимоятгари "Манчестер Сити" дар сатҳи дигар аст, ӯ қодир аст, ки бозиро ба дасти хеш бигирад. Вай беҳтарин нимҳимоятгари ҷаҳон аст ва ҳоло ҳам нисбатан ҷавон аст », - гуфт Хави дао мусоҳиба бо Qatar Airways. Ёдрас мешавем, ки футболбози белгиягӣ дар мавсими гузаштаи Чемпионати Англия 37 маротиба вориди майдон гардида, 13 тӯбро ба дарвозаи ҳарифон дохил намудааст. Ҳамчунин, 21 партофти натиҷаоварро ба номаш мӯҳр задааст.
Таҳияи Маҳмадназар Наҷбуддинов

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив