LIVE

Хави ба “Барселона” чӣ тавсия дод?

Собиқ бозингари дастони бошгоҳи “Барселона” - Хави, ки сару садоҳо дар мавриди ҷалби ӯ ба даста ҳамчун сармураббӣ имрӯзҳо сархати хабарҳои варзишии ҷаҳонро фаро гирифтааст, андешаҳои хешро нисбати ҳайати даста ва беҳбудии кори бозингарон дар мусоҳиба бо маҷаллаи Ла Вангуардиа чунин иброз доштааст: “Бошгоҳ аз ҳайати пурқувват иборат аст. Қисми зиёди бозингарон беҳамто мебошанд. Сар аз дарвозабони даста, ки беҳтарин дар ҷаҳон аст. Баъдан Жорди Алба, ки беҳтарин муҳофизатгари рост дар майдони футбол мебошад. Дар баробари ин Пике беҳтарин муҳофизатгари марказӣ ба шумор меравад. Баъдан Бускетс ниммуҳофизатгари беҳтарин дар ҷаҳон. Ва бо Мессӣ, ки беҳтарин бозингари ҷаҳон аст, иктифо мекунем. Ҳамчунин дар даста Суарес Де Йонг ва Артур ҳастанд, ки имконият ва тавоноии 10-соли дигар дар даста бозӣ карданро доранд. Воқеан “Барселона” базаи хуби тарбияи бозингаронро дорад. Аммо саволи матраҳ ин аст, ки оё ман мехоҳам Неймарро ба даста ҷалб намоям? Намедонам, ки ӯ ба он талаботу пешниҳодҳои ман то чӣ андоза розӣ мешавад ё ин ки онро қабул мекунад. Ба ҳар ҳол ин ба манфиати ӯ хоҳад буд. Бозии Барселона дар марказ хуб аст, аммо барои онҳо муҳофизатгарон намерасанд. Ба андешаи ман - Ҷейдон Санчо ва Серж Гнабри ҳайати дастаро комилтар хоҳанд кард”, иброз доштааст Хави.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив