LIVE

Ба шоҳи футбол бозии Роналду писанд аст ё Месси?

Нобиғаи футболи ҷаҳон ва мунтахаби Бразилия - Пелеи дастон дар мусоҳибаи шабакаи Looted фикру ақидаи хешро нисбати беҳтарин бозигари ҷаҳон гуфт.

"Айни ҳол Криштиану Роналду беҳтарин футболбози ҷаҳон аст. Бешубҳа ӯ беҳтарин аст. Аммо дар бораи Месси низ набояд фаромӯш кард.
Беҳтарин футболбоз дар таърих? Ин саволи душвор аст. Шумо набояд дар бораи Зико, Роналдинйо, Роналдо… Аз Аврупо ин Беккенбауэр, Кройфф… фаромӯш кунед. Ман фикр мекунам, ки Пеле аз ҳамаи инҳо беҳтар аст. Чаро? Барои он, ки ҳамаи онҳоро бо ман баробар мекунанд”,- гуфт Пеле.

Пеле қаҳрамони секаратаи ҷаҳон дар ҳайати мунтахаби Бразилия ба шумор меравад ва инчунин бо 77 голи задааш беҳтарин нишонзани Бразилия мебошад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив