LIVE

Почеттино мавқеи ояндаи корияшро муайян кард

Собиқ сармураббии “Тоттенхэм Хотспур”-и лондонӣ Маурисио Почеттино иттилоъ дод,ки самтҳои эҳтимолии интихоби даста барояш тимҳои ПЛА ва ё чемпионати Испания мебошанд.
“Дар куҷо  ман ҷои кори навбатии худро мебинам? Дар Англия ва ё Испания. Маро толеъбаландӣ кард,ки  маснади мураббигии худро дар Барселона бо “Эспанйол” шуруъ намудам ва баъдан ба Англия омадам,то ки забони англисиро омӯхта, фарҳангҳои дигареро аз худ кунам. Футбол дар ҳамин ҷо дар Англия  тавлид ёфт, аммо дар Ла Лига футболи ҷолиб ва мураббиёни ҳайратовар ҳастанд. Имрӯз Ла Лига-намуна барои бозингарону мураббиён ҳаст ва ҷоест,ки 20 соли ахир дар дунё футбол ба авҷи аълои хеш расидааст.  
Ҳамчун  мураббӣ ҳама вақт кӯшиш  мекунӣ,ки дар ҷойҳои нағз бошӣ. Фикр мекунам Англия ва Испания дар ҷаҳон ду лигаи беҳтарин ҳастанд”-иқтибос меорад Evening Standart аз суханони Почеттино.
Ёдрас мекунем,ки Маурисио Почеттино “Тоттенхэм”-ро аз моҳи майи соли 2014 то ноябри соли 2019 тамрин дода буд. Пештар бошад ин мутахассиси 47-солаи аргентинӣ бо “Саутгемптон” ва “Эспанйол” кор кардааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив