LIVE

Хави бори шашум беҳтарин мураббии моҳ гардид

Мутахассиси 41-солаи испанӣ Хави, ки сармураббигии дастаи “Ал-Садд”-и Қатарро ба дӯш дорад, беҳтарин мураббии моҳи мартии чемпионати ин кишвари арабӣ гардид.  Дар ин бора дар саҳифаи “Твиттер”-и бошгоҳ хабар пахш шуд. Хави ҳамчунин дар моҳҳои сентябр, октябр, ноябр, январ ва феврал низ ба ин унвон шарафёб гардида буд. Танҳо дар моҳи декабр ба ӯ муяссар нагардида буд, то беҳтарин мураббии моҳ шинохта шавад.

Хотиррасон менамоем, ки дастаи “Ал-Садд” зери роҳбарии ин мутахассиси испанӣ қабл аз муҳлат қаҳрамони мавсими 2020/21-и Қатар гардид. Шогирдони ӯ пеш аз 4 бозии боқимонда ба унвонии қаҳрамони чемпионати Қатар мушарраф гаштанд.

Хави дастпарвари бошгоҳи “Барселона” буда, дар ҳайати ин бошгоҳи машҳури испанӣ аз соли 1998 то соли 2015 бозӣ намуда, дар пешрафти ин даста саҳми назарраси худро гузоштааст. Ӯ бо либоси “нилунориҳо” ҳашт маротиба қаҳрамони Испания, се маротиба  Ҷоми Испания, чаҳор маротиба қаҳрамони Лигаи қаҳрамонҳои Аврупо ва як қатор ҷому ҷоизаҳои дигарро соҳиб гаштааст. Қабл аз итоми фаъолияти бозингарии худ, Хави ба “Ал-Садд” гузашта, ҳамчун футболбоз қаҳрамони чемпионати Қатар гардидааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив