LIVE

Футболбози 12-умро ба варзишгоҳ даъват мекунем!

Имрӯз, 5-уми сентябр дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе бозии нахустини гурӯҳии марҳилаи интихобии Чемпионати ҷаҳон-2022 байни тимҳои миллии Тоҷикистон ва Қирғизистон баргузор мешавад. Аз тамоми мухлисон ва ҳаводорони футболи тоҷик, ки онҳо дар майдон футболбози 12-ум ба ҳисоб мераванд, ба дастгирии тими мунтахаб даъват мекунем. Ба варзишгоҳ бийоед ва дастгири мунтахаби кишвар бошед!!!
Чемпионати ҷаҳон-2022
Марҳилаи интихобӣ. Даври дуюм
Гурӯҳи «F». Бозии 1-ум
5 сентябр (панҷшанбе)
Оғози бозӣ соати 19:00
ТОҶИКИСТОН – Қирғизистон
Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив