LIVE

Изҳори розигии ФФТ ба роғибони футбол

Федератсияи футболи Тоҷикистон миннатдории хешро ба кули мухлисоне, ки мунтахаби то 19 солаи Тоҷикистонро дар Чемпионати CAFA 2019 U-19 дастгирӣ намуданд, баён кард. 
«Миннатдории хешро ба ҳамаи шумо мухлисони азиз барои дастгирии гарму ҷушони мунтахаби то 19 солаи Тоҷикистон мерасонем. Дар бозии ниҳоии Чемпионати  CAFA 2019 миёни тимҳои миллии Тоҷикистон ва Эрон, ки дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе баргузор шуд, 10 ҳазор мухлис барои дастгирии миллипӯшони кишвар ташриф оварданд. Боре ҳам дар бозиҳои Чемпионати CAFA чунин миқдори бештари мухлисон ба варзишгоҳ ташриф наоварда буд. Дар бозии мазкур минбари Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе пур аз мухлис буд, ки ҳама яктану як дил мунтахаби Тоҷикистонро дастгирӣ мекарданд. Мухлисони футболи тоҷик бори дигар исбот намуданд, ки мухлисии онҳо аз мухлисии абардастаҳои футболи Аврупо ягон камӣ надорад. Бори дигар минаттдории хешро ба шумо мухлисони азиз байён мекунем! Ҳамаи шуморо санаи 5-уми сентябр дар бозии аввали марҳилаи интихобии Чемпионати ҷаҳон-2020 байни тимҳои миллии Тоҷикистон ва Қирғистон, ки соати 19:00 дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе баргузор мешавад, даъват менамоем. Инчунин Федератсияи футболи Тоҷикистон ба мақомотҳое, ки дар ташкил ва баргузор намудани Чемпионати CAFA 2019 саҳми арзандаи худро гузоштанд, изҳори минаттдорӣ мекунем».

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив