LIVE

Чиптаҳоии бозии Тоҷикистон дар Ҷоми ҷаҳон-2022 ба фуруш баромаданд

Чиптаҳои бозии мунтахаби Тоҷикистон дар марҳилаи интихобии Чемпионати ҷаҳон-2022 бар зидди яккачини Қирғизистон ба фуруш баромаданд. Аллакай дар ду рӯз 6 ҳазор шумораи чиптаҳо фурухта шуданд. Варзишгоҳи Марказии шаҳри Душанбе бошад, 19 ҳазор мухлисро ҷой медиҳад. Мухлисон имкон доранд, ки чиптаҳоро аз нуқтари фуруши чиптаҳои Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе дастрас намоянд. Арзиши чиптаҳо 10 сомонӣ муқаррар шудааст. Ёдовар мешавем, ки бозии марҳилаи дуюми интихобии Чемпионати ҷаҳон-2022 дар гурӯҳи «F» миёни тимҳои миллии Тоҷикистон ва Қирғизистон санаи 5-уми сентяб дар варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе баргузор мешавад. Бозӣ соати 19:00 дар назар аст. Биёед ҳама якҷоя тими миллиро дастгирӣ мекунем!

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив