LIVE

ТИМИ МИЛЛИИ АФҒОНИСТОН БОЗИҲОИ ХОНАГИЯШРО ДАР ДУШАНБЕ МЕГУЗАРОНАД

Дастаи мунтахаби миллии футболи Афғонистон бозиҳои хонагии худро дар доираи марҳилаи дуюми интихобии мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон-2022 дар варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе мегузаронад. 
Алоқамандона ба вазъи ноамн ва ноороми сиёсӣ дар Афғонистон Федератсиюни футболи ин кишвар Душанберо макони баргузории бозиҳои байналмилалии тими миллии Афғонистон дар бозиҳои марҳилаи дуюми интихобии мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон-2022 интихоб намуд. 
Дар марҳилаи дуюми интихобии мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон-2022 тими миллии Афғонистон дар гурӯҳи “Е” муқобили тимҳои миллии Қатар, Умон, Ҳиндустон ва Бангладеш бозӣ мекунад. 
Бозии аввали худро дар доираи ин мусобиқа тими миллии Афғонистон рӯзи 10 сентябр муқобили Бангладеш дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе мегузаронад.
ҶҶ-2022 
Марҳилаи дуюми интихобӣ 
Гурӯҳи «Е». даври 2-юм 
10 сентябр (сешанбе) 
Афғонистон – Бангладеш 
Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив