LIVE

Арзиши чиптаҳои бозии Тоҷикистон дар Ҷоми ҷаҳон-2022 муайян шуданд

Чиптаҳои бозии даври дуюми марҳилаи интихобии Чемпионати ҷаҳон-2022 дар гурӯҳи “F” миёни мунтахабҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон рӯзҳои наздик ба фурӯш мебароянд.  Арзиши чиптаҳо дар ҳама мавқеи майдон (ғарб, шимол, шарқ ва ҷануб) 10 сомонӣ муқаррар шудааст. Чиптаҳое, ки ба фурӯш гузошта шудаанд, дорои QR- рамз ва штрихкодҳои махсус мебошанд.  Ёдовар мешавем, ки бозии марҳилаи интихобии Чемпионати ҷаҳон-2022 миёни тимҳои миллии Тоҷикистон ва Қаирғизистон санаи 5-уми сентябр дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе баргузор мешавад. Оғози дидор соати 19:00 дар назар аст.
Чемпионати ҷаҳон-2022
Марҳилаи интихобӣДаври дуюм
Гурӯҳи «F». Бозии 1-ум
5 сентябр (сешанбе)
Оғози бозӣ соати 19:00 
ТОҶИКИСТОН – Қирғизистон

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив