LIVE

Брайтуэйт: “То шартномаам ба охир нарасад аз “Барса” намеравам”

Ҳамлагари даниягии тими “Барселона”- Мартин Брайтуэйт мехоҳад то анҷоми шартномааш дар ин даста бимонад, хабар медиҳад Sport.es.
Ба иттилои манбаъ, бозигари тими миллии Дания бо «Барселона» ду соли дигар шартнома дорад ва ӯ рафтан намехоҳад. Ҳамлагар талаб мекунад, ки маблағи аз рӯи шартнома ба ӯ пурра дода шавад. Брейтвейт тасмим гирифтааст, ки дар асоси шартнома то охир кор кунад, то тамоми пӯли ба ӯ тааллуқдоштаро гирад. Новобаста аз он, ки ба майдон мебарояд ё не. 
Қаблан хабар дода шуда буд, ки ахиран байни мураббӣ - Хави ва бозигари данягӣ суҳбате сурат гирифта, дар рафти он футболбоз гуфтааст, ки бо вуҷуди таваҷҷӯҳи бошгоҳҳои дигар мехоҳад дар даста бимонад. Пас аз таъини Хави Брайтуэйт ҳамагӣ 22 дақиқа дар майдон бозӣ кардааст: 10 дақиқа дар Ла Лига ва 12 дақиқа дар Ҷоми Испания.
Брайтуэйт моҳи феврали соли 2020 ба “Барселона” пайваст. Аз он вақт инҷониб, дар 57 бозӣ дар тамоми мусобиқаҳо ҳамлагар ба задани 10 гол ва 5 партофти головар даст ёфтааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив