LIVE

«Барса» расман бо ҳамлагари нав қарордод баст

Дастаи «Барселона» расман ҳамлагари даниягии клуби «Леганес» - Мартин Брэйтуэйтро ба ҳайати худ ҷалб сохт. Каталониҳо барои ин футболбоз 20 млн € пардохт кард. Хабар медиҳад Cadena Cope.
Маҳз чунин маблағ дар қарордоди футболбози 28 солаи Дания бо дастаи «Леганес» дар сурати хоҳиши тарки ҳайат намуданаш, дарҷ шудааст. Брэйтуэйт ду ҳамлагари латбардоштаи “Барса” - Усмон Дембеле ва Луис Суаресро иваз мекунад. Қаблан роҳбарияти Ла Лига новобаста аз мавсими трансферӣ «Барселона»-ро иҷозати хариди футболбози нав дод ва нилунориҳо барои анҷоми ин кор 15 рӯз мӯҳлат дода буданд. Ҳамчунин яке аз талаботҳои дигар дар он буд, ки каталониҳо танҳо аз дохили Чемпионати Испания ҳамлагар интихоб мекунанд.  
Мушкилот дар он аст, ки ба «Леганес» иҷозаи пайдо кардани ҷойгузини Брэйтуэйтро надодаанд.  
Брэйтуэйт қаблан дар дастаҳои «Эсбйерг», «Тулуза», «Бордо» ва «Мидлсбро» бозӣ кардааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив