LIVE

Хави 8 бозигари навро бо 12 футболбози "Барса" иваз карданист

Хави мехоҳад, ки "Барса" дар тобистон 8 бозигар бихарад ва 10-12 бозигарро озод кунад. 
Сармураббии «Барселона» Хави ва президенти клуб Жоан Лапорта дар соатҳои наздик мулоқот карда, масъалаи таҷдиди сохтори дастаро баррасӣ мекунанд. Менеҷер ҳашт нафари навро дархост кард ва рӯйхати 10-12 бозигареро тартиб дод, ки барои «Барселона» дигар лозим нестанд.
Хави мехоҳад, ки ба даста ҳимоятгарон Сезар Аспиликуета ва Маркос Алонсо, ҳимоятгари марказӣ Андреас Кристенсен, нимҳимоятгарон Франк Кесси ва Рубен Невес, вингер Рафиния ва ҳамлагари марказӣ Роберт Левандовскиро оварда шаванд. 
Музокирот бо Кристенсен ва Кесси хотима ёфтааст, ки ҳамчун агенти озод бозигари “Барса” мешаванд. Дигар бозигарони дар боло зикр шуда, бо клуб гуфтушунид дорад. Ин ба Аспиликуэта ва Алонсо дахл дорад, ки ҳуқуқҳои онҳо ба “Челси” тааллуқ доранд. Дар ҷаласаи рӯзи сешанбеи шӯрои директорон, “Барселона” тасмим гирифтааст, ки иқдомоте биандешад, ки вазъи молиявии клубро беҳтар кунад ва вазъро бо риояи FFP тағйир диҳад, то бақайдгирии бозигарони нав имконпазир шавад.
Хави мехоҳад дарвозабон Нето, ҳимоятгарон Самуэл Умтити, Оскар Мингеса, Клемент Ленглет, нимҳимоятгар Рики Пуч, вингер Адама Траоре ва ҳамлагарон Мартин Брайтуэйт ва Люк де Йонг такри даста намоянд. 
Траоре ва де Йонг ба клубҳои худ, ки “Барса” онҳоро ба иҷора гирифтааст бармегарданд.
Дар рӯйхати “Барселона” чаҳор бозигар ҳастанд, ки ояндаашон номаълум боқӣ мемонад. Ин вингер Усмон Дембеле мебошад, ки шартномааш ба охир мерасад. Ӯ ҳанӯз тасмим нагирифтааст, ки бо каталонияҳо созишномаи нав имзо мекунад ё на. Илова бар ин, “Барса” омода аст пешниҳодҳои Френки де Йонг, Мемфис Депай ва Сержиню Дестро баррасӣ кунад, агар онҳо аз ҷониби дастаҳои дигар пешниҳодҳои ҷолиб гиранд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив