LIVE

Сесар Аспиликуэта бозигари нави “Барселона”

Ба иттилои бархе аз сарчашмаҳои хабарии испанӣ Сесар Аспиликуэта бо тими каталонии “Барселона” қарордоди ҳамкорӣ бастан мехоҳад. Ҷонибҳо сари мақсад омаданд, ки барои ду сол шартнома банданд ва онро дар оянда барои боз як соли дигар тамдид намоянд.  
Муҳофизатгари канорӣ то охири мавсим ҳунарнамоиашро дар тими лонднии “Челси” идома медиҳад ва аз оғози мавсими нав  ҳамчун агенти озод ба “Барселона” мегузарад.
«Барселона» ҳамзамон ба бозигари дигари “Челси” Андреас Кристенсен низ таваҷҷуҳ дорад ва ӯ низ дар сурати тамдид накардани шартнома метавонад, ҳамчун агенти озод ба сафи каталониҳо бипайвандад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив