LIVE

«Барселона» бозигари калидии «Челси»-ро ба Испания меорад

«Барселона» мақсад дорад то тобистони соли оянда ниммуҳофизатгари  «Челси» - Виллианро ба ҳайаташ даъват намояд.  Каталониҳо моҳи январ бо футболбози бразилитабор гуфтушунидро дар ин самт оғоз мекунанд. Қарордоди ҳамкории Виллиан бо бошгоҳи лондонӣ то тобистони соли 2020 пешбинӣ шудааст ва роҳбарияти «Барселона»  аз  футболбози мазкур талаб доранд то барои узви Барса шудан ӯ бояд шартномаи худро бо “Челси” тамдид накунад ва барои каталониҳо ин гузариш ройгон  шавад. Қаблан гуфта мешуд, ки ба Виллиан «Ювентус» низ таваҷҷуҳ дорад ва туриниҳо моҳи январ бо ӯ шартнома мебанданд. Дар навбати худ футболбози бразилӣ хоҳиш дорад, ки дар  «Челси» монад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив