LIVE

Педро бозигари "Рома" гашт

Дастаи итолёвии "Рома" дар мавриди бастани қарордод бо футболбози испанӣ Педро хабар дод. Ин дастпарвари академияи футболи "Барселона" ба симати агенти озод бо клуби шаҳри Рим шартнома баст. То ба ин замон бозигари мазкур шарафи дастаи лондонии "Челси"-ро ҳимоя мекард. Педро дар «Челси» 205 бозӣ гузаронида, ба задани 43 гол ва 28 партофти головар даст ёфтааст. 
Педро бо бошгоҳи шаҳри Рим то соли 2022 қарордод баст ва имкон дорад, ки боз барои як соли дигар онро тамдид созад. Маоши футболбози испанӣ  3,5 млн €-ро дар бар мегирад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив