LIVE

Педро рафтанашро аз «Челси» тасдиқ кард

Форварди «Челси» Педро баъд аз бозӣ бо «Вулверхэмптон» (2:0) иқрор шуд, ки ин охирин бозии ӯ дар „Стэмфорд Бриҷ“ бо пироҳани дастаи мазкур буда, баъд аз анҷоми мавсим бошгоҳи лондониро тарк мекунад.  

«Бозии охирини ман дар варзишгоҳи  „Стэмфорд Бриҷ“ маҳсуб мешавад. Ташаккури зиёд ба мухлисон барои дастгирӣ ва клуб, ки ба ман имкон дод, то дар ин даста ҳунарнамоӣ кунам. Ташаккур ба ҳамдастагонам. Шумо ҳамеша дар қалби ман боқӣ хоҳед монд. Акнун бояд муборизаро дар Ҷоми Англия идома диҳем. Оилаи калони кабудпӯшони ман”, иқрор шудааст Педро. 
Педро дар «Челси» 205 бозӣ гузаронида, ба задани 43 гол ва 28 партофти головар даст ёфтааст. 
Педро мавсими оянда бозигари «Рома» мешавад. Педро бо бошгоҳи шаҳри Рим то соли 2022 қарордод мебандад ва имкон дорад, ки боз барои як соли дигар онро тамдид созад. Маоши футболбози испанӣ  3,5 млн €-ро дар бар мегирад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив