LIVE

"Челси" Анчелоттиро дар “Стамфорд Бриҷ” хуб истиқбол гирифт

Бошгоҳи футболи “Челси” дар бозии даври 29-уми ПЛА бо тими “Эвертон” рақобат кард. Вохӯрии тимҳо дар “Стамфорд Бриҷ” баргузор шуда, бо натиҷаи бузурги 4:0 ба суди “ашрофзодаҳо” хотима ёфт. Дар ин майдондорӣ голҳоро Мейсон Маунт, Педро, Виллиан ва Оливе Жиру муаллифӣ намуданд. Ҳамин тавр “Челси” дар як ҳафта ду дастаи шаҳри Ливерпулро ноком кард. Қаблан “ашрофзодаҳо” дар даври 1/8 ниҳоии Ҷоми Англия дастаи “Ливерпул”-ро бо ҳисоби 2:0 шикаст дода буданд. Баъди ин пирӯзӣ “Челси” бо касби 48 хол дар зинаи чоруми ҷадвал боқӣ монд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив