LIVE

«Ливерпул» ба худ омада наметавонад

Дар доираи рақобатҳои марҳилаи 1/8 ниҳоии Ҷоми Англия бошгоҳи «Челси» тими «Ливерпул»-ро ба ҳузур пазируфт.  Дидори дастаҳо дар варзишгоҳи «Стэмфорд Бриҷ»-и шаҳри Лондон доир гардида, бо ҳисоби 2 бар 0 ба суди соҳибони майдон хотима ёфт. Ҳамлавари бразилии тими «Челси» - Виллиан дар дақиқаи 13-уми пайти аввал бо як зарбаи ҳадафраси худ ҳисобро кушод. Росс Баркли дар дақиқаи 64-уми нимаи дуюм бо голи зебои худ таносубро дуболо сохт. Бо ҳамин тартиб тими «Челси» ба марҳилаи ¼ ниҳоии Ҷоми Англия баромад. Бошгоҳи «Ливерпул» бошад, аз идомаи рақобатҳо бенасиб монд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив