LIVE

Сулшер бо кӯмаки VAR Лэмпардро шикаст дод

Бошгоҳи «Челси» дар чорумин дидораш пайиҳам наметавонад пирӯзӣ ба даст оварад.  Ин навбат шогирдони Фрэнк Лэмпардро дар майдони худ девҳои сурх сарафканда сохтанд. Дар доираи бозиҳои даври 26-уми Премйер Лигаи Англия дастаи «Челси» дар варзишгоҳи Стэмфорд Бриҷ тими «МЮ»-ро пазируфт. Ҳисобро дар дақиқаҳои охири нимаи якуми бозӣ Антони Марсял боз намуд. Дар дақиқаи 66-ум дифоъгар - Гарри Магуайр бартарии девҳои сурхро дучанд сохт. Бояд ёдовар шуд, ки футболбозони «Челси» низ ду маротиба ба задани гол даст ёфта, вале довар пас аз тамошои VAR онҳоро ба қайд нагирифт.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив