LIVE

Торумори “ашрофзодаҳо” дар “театри орзуҳо”

Бе шаку шубҳа бозии марказии даври 1-уми ПЛА ин рақобати бошгоҳҳои “Манчестер Юнайтед” ва “Челси” ба шумор мерафт. Бозии ин ду дастаи бо ҳам рақиб дар варзишгоҳи “Олд Траффорд” баргузор шуда, бо ҳисоби бузурги 4:0 ба суди “девҳои сурх” ба итмом расид. Дар ин майдондорӣ голҳои “МЮ”-ро Маркус Рашфорд (ду гол), Антони Марсиял ва Даниэл Ҷеймс ба ҳадаф расониданд. Ростӣ чунин бозии муҷаллои “МЮ”-ро дар якчанд соли охир мухлисон дар “театри орзуҳо” ёд надоштанд. Хотиррасон мекунем, ки ин аввалин бозии расмии Фрэнк Лэмпард дар курсии сармураббии “ашрофзодаҳо” ба шумор мерафт, ки ин ба фоҷиа табдил ёфт. Акнун имсол дар ПЛА пойгаи қаҳрамонӣ боз ҷолибтар хоҳад шуд. 
Премйер – Лига Англия
Даври 1-ум
“Манчестер Юнайтед” – “Челси” – 4:0
Гоҳо: Маркус Рашфорд 18, Антони Марсиял 65, Маркус Рашфорд 67, Даниэл Ҷеймс 81.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив