LIVE

Мунтахаби Ҳолланд ба финали Лигаи Миллатҳо роҳ ёфт

Бозии дуюми даври нимниҳоии Лигаи Миллатҳо миёни яккачинҳои Ҳолланд ва Англия доир шуд. Набарди тимҳо дар варзишгоҳи «Афонсу Энрикеш»-и шаҳри Гимарайнши Португалия баргузор шуда, бо ҳисоби 3:1 ба суди шогирдони Роналд Куман ба анҷом расид. Дар ин майдондорӣ голҳои ғолибонро Матейс де Лигт, Кайл Уолкер (худгол), ва Квинси Промес муаллифӣ намуданд. Ягона тӯби англисҳоро ҳамлавари ҷавон Маркус Рашфорд аз зарбаи ҷаримавии 11 метра таслими дарвозаи Яспер Силлессен намуд. Ҳамин тавр тими мунтахаби Ҳолланд ба финали Лигаи Миллатҳо роҳ ёфт. Акнун ҳолландиҳо дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Португалия майдондорӣ мекунанд. Рақобати финалӣ байни тимҳо санаи 9-уми июн дар назар аст. Швейтсария ва Англия барои зинаи сеюм рӯёрӯи ҳам меоянд. 

Лигаи Миллатҳо
Дивизиони A 
Даври 1/2 ниҳоӣ 
Ҳолланд - Англия - 3:1 В.И. (0:1, 1:0, 2:0)
Голҳо: Рэшфорд, 32 - аз пеналти (0:1). де Лигт, 73 (1:1). Уокер, 97 (худгол) (2:1). Промес, 114 (3:1). 
Голландия: Силлессен, Дюмфрис, де Лигт, ван Дейк, Блинд, Ф.де Йонг (Стротман, 114), Вайналдум, де Рон (ван де Бек, 68), Бергвайн (Преппер, 91), Депай, Бабел (Промес, 68).
Англия: Пикфорд, Уокер, Стоунс, Магуайр, Чилвелл, Баркли, Делф (Хендерсон, 77), Райс (Алли, 106), Стерлинг, Санчо (Лингард, 61), Рэшфорд (Кейн, 46).

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив