LIVE

Хет-трики Роналду Португалияро ба финал баровард

Бозии даври нимниҳоии Лигаи Миллатҳо миёни мунтахабҳои Португалия ва Швейтсария сурат гирифт. Набарди тимҳо дар варзишгоҳи «Драган»-и шаҳри Порту баргузор шуда, бо ҳисоби 3:1 ба суди мизбонон хотима ёфт. Дар ин рақобати шадид ва пуршиддат ҳарсе голи португалиҳоро мардтарин майди майдон, ҳамлавари бенадиду беҳамто Криштиану Роналду ба самар расонида, мунтахабашро ба финали Лигаи Миллатҳо баровард. Ягона тӯби меҳмононро бошад, Рикардо Родригес аз зарбаи ҷаримавии 11 метра ба ҳадаф расонид. Ҳамин тавр яккачини Португалия ба финали Лигаи Миллатҳо роҳ ёфт, ки дар  даври ниҳоӣ бо ғолиби ҷуфти Ҳолланд ва Англия рӯ ба рӯ мешавад.

Лигаи Миллатҳо. Даври ½ ниҳоӣ

Португалия – Швейтсария – 3:1 (1:0)

Голҳо: Криштиану Роналду, 25 (1:0). Родригес, 57 –пеналти (1:1). Криштиану Роналду, 88 (2:1). Криштиану Роналду, 90 (3:1).

Португалия: Руй Патрисиу, Семеду, Рубен Диаш, Пепе (Жозе Фонти, 63), Рафаэл Геррейру, Бруну Фернандеш (Жоау Моутиню, 90+1), Виллиам Карвалю, Невеш, Бернарду Силва, Криштиану Роналду, Жоау Феликс (Гонсалу Гедеш, 70).

Швейтсария: Зоммер, Мбабу, Шер, Аканҷи, Родригес, Закария (Фернандес, 71), Ҷака, Фройлер (Дрмич, 89), Шачири, Субер (Штеффен, 83), Сеферович.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив