LIVE

Ҷашни футбол дар «Энфилд» идома дорад

Дар доираи рақобатҳои даври 27-уми Премйер-лигаи  Англия бошгоҳи «Ливерпул» тими «Вест Хэм Юнайтед»-ро ба ҳузур пазируфт. Дидори дастаҳо дар варзишгоҳи «Энфилд»-и «Ливерпул» доир гардида, бо ҳисоби 3 бар 2 ба суди соҳибони майдон хотима ёфт. Аз ҳайати мерсисайдҳо ҳамлаварон -Муҳаммад Салоҳ   ва  Садио Мане, ҳамчунин нимҳимоятгар - Жоржинйо Вейналдум муаллифи гол гардиданд. Ду голи меҳмононро ҳимоятгар - Исса Диоп ва хавбек - Пабло Форналс вориди дарвозаи Алисон Бекер намуданд. Дар мавсими ҷории Чемпионати Англия   ин 27-умин бозист, ки «Ливерпул» мағлуб нагардидааст. Айни замон тими «Ливерпул» бо дарёфти 79 имтиёз садрнишини ҷадвали умумии Чемпионати Англия ба ҳисоб меравад. Бошгоҳи  «Вест Хэм Юнайтед» бо ба даст овардани 24 хол дар зинаи 18-ум қарор дорад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив