LIVE

Хави бо Ҳоланд ва Лапорта бо Райола мулоқот анҷом додаанд

Ҳамлагари "Боруссия Дортмунд" - Эрлинг Ҳоланд зери таваҷҷуҳи роҳбарият ва мураббиёни "Барселона" қарор дорад. Клуби испанӣ ҳам бо агенти футболбоз Мино Райол ва ҳам бо худи футболбоз гуфтушунид кардааст. Ба иттилои як манбаъ, президенти «Барселона» Жоан Лапорта дар Монако бо Райола мулоқот карданд. Худи сармураббии даста Хави бошад, ба Мюнхен сафар доштааст ва он ҷо бо футболбоз суҳбат доштааст. Лапорта дар мулоқот бо Райола ба бозигар шартномаи панҷсола пешниҳод кард, ки тибқи он ҳамлавари норвегиягӣ 195 миллион евро ба даст меорад. Аммо дар шароите, ки каталониҳо дучори мушкилии молявианд ин қадар маблағ аз куҷо пайдо мекунанд, номаълум. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив