LIVE

Зидан дар бораи Холанд сухан кард

Сармураббии “Реал Мадрид” Зинедин Зидан ба савол дар бораи трансфери эҳтимолии форварди “Боруссия Дортмунд” Эрлинг Ҳолланд ба Мадрид посух дод.
«Ман аз гуфтани ин суханон безор шудам. Ман танҳо дар бораи бозии фардо фикр мекунам. Беҳтараш шумо ба ман як саволи хуби футболӣ диҳед, зеро ман фикр намекунам, ки соли оянда ин ҳодиса рух диҳад”, - иқтибос меорад суханони Зиданро Marca .
Қаблан хабар дода шуда буд, ки агенти Холанд Мино Райола ва Ҳолланди калонӣ   рӯзи 1 апрел ба Барселона парвоз карданд ва дар он ҷо бо президенти “Барселона”  Ҷоан Лапорта  гуфтушунид анҷом доданд. Пас аз чанд соат боз ба Мадрид рафта,  бо президенти “Реал” Флорентино Перес мулоқот карданд.
Эрлинг моҳи январи соли 2020 аз “Ред Булл Залтсбург” ба “Боруссия” пайваст. Шартномаи  норвегиягӣ бо "занбӯрҳо" то 30 июни соли 2024 эътибор дорад. Transfermarkt ин футболбозро 110 миллион евро нарх мондааст. Дар мавсими ҷорӣ форвард дар 21 бозии Бундеслигаи Олмон ширкат варзид, ки дар он 21 гол зада, (яке аз пеналтӣ) чор партофти головар анҷом додааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив