LIVE

"Реал" аз Ҳоланд даст кашид

Ҳамлагари дастаи «Боруссия Дортмунд»-и  Эрлинг Ҳолланд ба «Реал Мадрид» намегузарад, хабар медиҳад El Chiringuito.

Ба гуфтаи ин манбаъ, раҳбарияти бошгоҳи шоҳона ба ақидае омадааст, ки  дар мубориза барои ҳамлагар бо бритониёиҳо рақобат карда наметавонанд. Тобистони оянда ҷуброни шартномаи футболбоз 75 миллион евроро ташкил медиҳад, аммо дар баробари ин, агенти ҳамлагар Мино Райола барои худ мукофоти калон ва инчунин барои Ҳолланд 50 миллион евро дар як сол талаб мекунад. Довталаби асосии футболбози норвегиягӣ "Манчестер Сити" ва "Челси" мебошанд.


Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив