LIVE

Лапорта ва Хави масъалаи Дембелеро ҳал карда наметавонанд

Президенти “Барселона” Жоан Лапорта ва сармураббӣ Хави барои нимҳимоятгар Усмон Дембеле ихтилофи назар доранд.
Лапорта мехоҳад, ки Дембеле дигар дар даста  бозӣ накунад.
Хави, дар навбати худ исрор намекунад, ки Дембеле то охири мавсим дар клуб бимонад. Аммо вай сифати нимҳимоятгарро мефаҳмад ва бовар дорад, ки ӯ метавонад ба даста муфид бошад. Хави инчунин боварӣ дорад, ки Дембеле метавонад як қисми муҳими мутобиқсозии Пйер-Эмерик Обамеянг бошад, ки бо ӯ дар "Боруссия Дортмунд" якҷоя бозӣ мекард.
Дар ояндаи наздик мулоқоти ҷонибҳо баргузор мешавад, ки дар он масъалаи Дембеле баррасӣ мешавад.
Қаблан хабар дода шуда буд, ки «Барселона» мехоҳад, бо мувофиқаи тарафайн шартномаро бо ин бозигар бекор кунад. Агар Дембеле розӣ шавад, ӯ агенти озод мешавад ва каталониҳо то замони пайдо кардани клуби нав як қисми маошро ба ӯ медиҳанд.


Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив