LIVE

Ҳамлагари "Барса" барои гузариш ба «Ювентус» розӣ шуд

Ҳамлавари «Барселона» - Усмон Дембеле метавонад корномаи варзишии худро дар Италия идома диҳад.
Ба ҳунари ҳамлавари фаронсавӣ директори варзишии «Ювентус» - Фабио Паратичи мароқ зоҳир намудааст ва метавонад дар гузариши Миралем Пянич ҳамроҳ карда шавад. 
Аммо  «Барселона» барои ин футболбози 23 солаи худ маблағи калон талаб дорад. «Ювентус» дар навбати аввал мехоҳад, ки Дембелеро ба иҷора бигирад, зеро бозигар зуд-зуд ҷароҳат мебардорад ва хариди ӯ бо маблағи калон метавонад бар зарари туриниҳо шавад. 
Тавре хабар дода мешавад, футболбоз аллакай барои гузаришаш ба «Ювентус» розигӣ додааст, зеро медонад, ки бо пироҳани каталониҳо  дар ҳайати асосӣ мавқеъ пайдо намекунад. 
Дар мавсими ҷорӣ Дембеле дар маҷмуъ 5 бозӣ дар Ла Лига анҷом дода, як гол задааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив