LIVE

Дембеле ба «МЮ» ё «Арсенал» меравад

Ниммуҳофизатгари «Барселона»-Усмон Дембеле корномаи варзишии худро дар Англия идома медиҳад.
Diario Sport хабар додааст, ки  «Манчестер Юнайтед» ва «Арсенал» ба ин футболбози 22-солаи фаронсавӣ таваҷҷуҳ доранд. Аммо дар ин миён роҳбарияти ҳарду клубро ҷароҳатҳои бардоштааш ба шубҳа овардааст. 
«Юнайтед» ва «Арсенал» мушкилоти Дембелеро оид ба вазъи саломатиаш хуб меомузанд ва баъдан хулосаи даркорӣ мебароранд. Зеро футболбози фаронсавӣ зуд-зуд ҷароҳат мебардорад, ки ин боис ба нигаронии роҳбарияти “Барса” низ шудааст.  
Тавре гуфта мешавад, аз эҳтимол дур нест, ки методикаи «Барса» барои ин бозигари соҳибистеъдод мутобиқ набошад ва маҳз ин омил боис ба ҷароҳатҳои пайдарҳамаш гаштааст. Дар муҳити дигар ӯ тавонад, ки аз ин мушкилӣ раҳо шавад. 
«Барселона» омодааст то тамоми пешниҳодҳоро барои ин футболбозаш қабул намояд, ҳатто агар ба мисли Филиппе Коутиню ба иҷора ҳам бошад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив