LIVE

«Юве» ба хотири Неймар Дибаларо ба Париж гусел карданист

«Ювентус» умедашро аз ҳамлагари бразилии «Пари Сен-Жермен» - Неймар канда наметавонад. Дар ин бора Mundo Deportivo навиштааст. 
Ба иттилои сарчашма клуби итолиёвӣ мехоҳад ҷуфти ҷолиби ҳамлагаронро бо Неймар ва футболбози португалии худ - Криштиану Роналду таъсис диҳад. 
Барои ин мақсади худ «Ювентус» омодааст, ки дар муосилоти мазкур  футболбози аргентинии худ - Пауло Дибаларо низ ҳамроҳ созад. Ягона мушкилот дар ин самт маоши Неймар шуда метавонад, ки ситораи бразилӣ  дар “ПСЖ” 36 млн € дар як сол маблағ мегирад. Туриниҳо барои пардохти чунин маблағи калон омода нестанд ва аз Неймар хоҳиш карданд, ки агар хоҳад узви «Ювентус» бошад, пас бояд маоши камтар талаб намояд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив