LIVE

«ПСЖ» ба хотири Мбаппе аз баҳри Неймар гузаштанист

Роҳбарияти дастаи «Пари Сен-Жермен» тобистони оянда мақсад доранд, ки ҳамлагари худ Неймарро ба фурӯш гузорад. Дар ҳамин раванд парижиҳо тамоми дарҳои худро барои рафтани форварди ҷавони даста - Килиана Мбаппе мебанданд. Дар ин бора ESPN иттилоъ дод. 
«ПСЖ» аз ҳисоби рафтани Неймар беш аз 150 млн € маблағ ба даст овардан мехоҳад. Футболбози 28 сола азми баргаш ба бошгоҳи каталонии «Барселона» - ро дорад.
Роҳбарияти дастаи «ПСЖ» расман иттилоъ дод, ки мақсади аз даст додани ҳамлагари асосии худ Мбапперо надорад ва аз ҳисоби фурӯши футболбози бразилӣ ба Мбаппе шартномаи нав бо маоши баланд пешниҳод мекунад. 
Ёдовар мешавем, ки ба Килиана Мбаппе аз замони наврасӣ дастаи «Реал» таваҷҷуҳ дорад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив