LIVE

Неймар “ПСЖ”- ро ғорат мекардааст

Маҷаллаи маъруфи испании "Marca" ҳисоб карда баромадааст, ки ҳамлагари бразилии дастаи «Пари Сен-Жермен» - Неймар  дар як бозиаш аз шайхҳои Араб чӣ қадар маблағ мегирифтааст.  Гузариши ҳамлагар ба «ПСЖ» 222 млн евро буд ва маоши ситораи бразилӣ 37 млн € дар як солро ташкил медиҳад. Дар се сол ӯ  111 млн € ба даст овардааст. «ПСЖ»  дар  маҷмуъ танҳо барои ин бозигараш то ба ҳол 333 млн евро сарф кардааст. Дар муҳлати ҳунарнамоияш дар  ҳайати Париж - Неймар танҳо дар 51 фисади бозиҳо ҳузур доштааст. Аксар вақт  ӯ ҷароҳат мебардорад ё бо дигар сабабҳо ширкат намекунад. Дар ҳайати «ПСЖ» футболбози бразилӣ аз 150 бозии имконпазир танҳо дар 80 адади он ба майдон баромадааст.  Хуллас, «ПСЖ» барои ҳар як бозии Неймар  4,16 млн € маблағ додааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив