Модели маъруфи бразилӣ - Наҷила Триндаде, ки соли гузашта ҳамлагари дастаи «Пари Сен-Жермен» - Неймарро ба дастдарозӣ айбдор намуда буд, маротибаи дуюм футболбозро ба додгоҳ кашид. UOL Esporte иттилоъ медиҳад.
Ба иттилои сарчашма хонуми зебо Неймарро дар ташкили фоҳишахона дар пойтахти Фаронса гунаҳкор меҳисобад. Тавре гуфта мешавад, гуё футболбоз дар ҷалби духтарони бразилӣ ба Фаронса барои таъсиси фоҳишахонаҳо саҳм доштааст. Ин гуфтаҳо то чӣ андоза ба ҳақиқат наздикӣ дорад?, то ба ҳол маълум нест.
Ёдовар мешавем, ки соли 2019 Триндаде ҳамлагари мазкурро дар даст дароз кардан ба номусаш айбдор намуда буд, аммо Неймар ин ҳама шикоятҳоро инкор мекунад.
А да куни очат гом Неймар мыр беномус
