LIVE

Лапорта: "Дембеле аз Мбаппе беҳтар аст"

Президенти "Барселона" Жоан Лапорта дар бораи  тамдиди шартномаи  Усмон Дембеле сухан кард. Ӯ бар ақидаест, ки  бозигари фаронсавӣ аз ҳамлагари "ПСЖ" Килиан Мбаппе беҳтар аст.

"Мо бо Дембеле муносибати хеле хуб дорем, ӯ мехоҳад боқӣ монад. Мо низ мехоҳем, ки ӯ боқӣ монад, зеро Дембеле як бозигари бузург аст. Намояндагони Усмон ҳам барояш беҳтаринҳоро мехоҳанд. Ман аз Дембеле розиям, вай аз Килиан Мбаппе беҳтар аст", - иқтибос меорад Лапортаро  globo.com.

Дембеле, ки 24 сол дорад, соли 2017 бозигари тими “Барселона” шуд. Дар мавсими имсола ҳамлагари фаронсавӣ дар ду бозии Лигаи Чемпионҳо ва инчунин дар як бозӣ - дар доираи чемпионати Испания вориди майдон шуд, бидуни қайди амалҳои муассир. Шартномаи  Дембеле то соли 2022 эътибор дорад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив