LIVE

Усмон Дембеле ҷароҳат бардошт

Ҳамлавари ҷавони бошгоҳи “Барселона” –  Усмон Дембеле дар бозӣ бар муқобили “Атлетик Б” осеб бардоштааст. Дар ин бора Хадамоти матбуоти “нилунориҳо” иттилоъ медиҳад. Ҳамин тавр Усмон Дембеле муддати 5 ҳафта ба дастааш ёрӣ дода наметавонад. Ин бори аввал нест, ки Усмон ҷароҳат мебардорад, ӯ соли гузашта низ се чор маротиба ҷароҳат бардошта буд. Ёдовар мешавем, ки Дембеле соли 2017 аз “Боруссия”-и Д бо арзиши 105 млн евро гузариш намуда буд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив